Дарёфти шиносномаи қирғизии Қувватов ва раддияи Бишкек
Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони мамнӯи “Гуруҳи 24” барои дарёфти паноҳандагии сиёсӣ ба мақомоти Қирғизистон муроҷиат накардааст. Дар ин бора имрӯз, 10 март ба “Озодагон” аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва ҷавонони Қирғизистон хабар доданд.
Қаблан иттилоъ дода шуд, ки Умаралӣ Қувватов баъди раҳоияш аз Дубай барои як муддати кӯтоҳ ба Қирғизистон омад ва гуфта мешуд, ҳатто дархости паноҳандагӣ ҳам кардаст. Аммо мақомоти Бишкек мегӯянд, дар рӯйхати муроҷиаткунандаҳо барои дарёфти паноҳандагӣ номи Умаралӣ Қувватов нест.
Дар мавриди шиносномаи қирғизии Умаралӣ Қувватов, ки ба иттилои нашрияи “Ҳурият” дар Туркия дарёфт шудааст, Вазорати умури дохилии Қирғизистон гуфтааст, расман дар ин бора иттилое надорад. Ин ниҳод мегӯяд, тайи солҳои 2013-2014 бо роҳҳои ғайриқонунӣ шиносномаҳои зиёди қирғизӣ ба хориҷиён дода шудаанд ва эҳтимолан яке аз онҳо ба дасти Умаралӣ Қувватов расидааст.
Умаралӣ Қувватов, роҳбари созмони мухолифи “Гуруҳи 24” шоми 5 март дар шаҳри Истамбул парронда шуд.