Дарзмол боиси марги Зубайдаи 1-сола шуд
Мақомоти пулиси Тоҷикистон аз ҳалокати духтарчаи яксола хабар доданд, ки дар пайи сӯхтор ҷон додааст.
Манбаъ мегӯяд, рӯзи 8-уми март, тахминан соати 17:30-дақиқа дар хонаи истиқоматии шаҳрванд Отамуродов Баҳрулло, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Истаравшан дар масоҳати 1,5 метри мураббаъ сӯхтор ба амал омадааст: “ Дар натиҷа духтарчаи хурдсоли соҳибхона Отамуродова Зубайда, соли таваллудаш 2014 ба ҳалокат расидааст”.
Мақомот сабаби сар задани сӯхторро беназорат гузоштани таҷҳизоти барқии дарзмол арзёбӣ мекунанд.