Толиб Рифоӣ, раиси Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ба Тоҷикистон меояд
Ин мувофиқа бо Толиб Рифоӣ зимни мулоқоти раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ҳосил шудааст. Дар ин бора ба “Озодагон” Наврӯз Қурбонов, мутахассиси пешбари бахши иттилоотию таҳлилии ин Кумита иттилоъ дод.
Қарор аст, ки раиси Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ дар Конфронси байналмилалии сайёҳӣ ва Фестивали фарҳангиву сайёҳии Мероси шоҳроҳи бузурги Абрешим, ки соли ҷорӣ дар Тоҷикистон баргузор мешавад, ширкат ва суханронӣ намояд.
Толиб Рифоӣ зимни мулоқот бо Абдуллозода дар Намоишгоҳи сайёҳии бузургтарини дунё ITB Берлин гуфтааст, ки соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон ояндадор аст ва барои ин бояд заминаҳои бештари зерсохторӣ муҳайё шавад.