Фаррух Сафопур, бостоншиноси ҷавон унвонии “Озодагон” матлабе фиристода ва дар он аз мушкили беобии бархе рустоҳои водии Вахш нигаронӣ кардааст. Ӯ дар ин матлаб аз ҷумла мегӯяд, “деҳаи Сарбанд дар фосилаи тахминан 2 км-рии соҳили рости рӯди Вахш қарор дошта, аҳолии он зиёда аз 500 хоҷагӣ мебошад, ки обро барои ошомидан, сохтмон, чорво ва дарахтон харидорӣ мекунанд. Агарчи аҳолии деҳоти ҳамсоя равған, орд, либос ва дигар лавозимоти рузгорро харидорӣ кунанд, аҳолии деҳаи мо бар иловаи онҳо сабзиҷот, меваҷот ва ҳатто обро харидорӣ мекунанд. Як мошин об, ки тақрибан чор тоннаро дар бар мегирад аз 40 то 50 сомонӣ мебошад”.
Ҳоло ин матлаб ба шакли комил нашр мешавад
"Яке аз боигариҳои табии кишвари азизамон дарёҳо, кулҳои табии, сунъӣ ва чашмаҳои мусаффои он мебошад, ки аз нигоҳи захираҳои обӣ бойтарин кишвар дар Осиёи Миёна ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон дар ҳудуди хеш 947 дарё, 2000 кӯл ва 8000 чашмаҳо дорад, ки дарозии рӯдҳо на камтар аз 10 км мебошанд. Муҳимтарин дарёҳои он - Панҷ, Вахш, Амударё, Сирдарё, Зарафшон, Кофарниҳон мебошанд, ки дар баландии кўҳҳо маншаъ гирифта, аз обҳои пиряхҳо сероб мешаванд.
Давлати Шӯравии собиқ ҳар сол зиёда аз 50 ҳазор тонна пахтаи маҳинахро аз кишвари Миср бо қиммати баланд харидорӣ мекард. Хариди пахтаи маҳинах бо арзиши гарон барои Шуравӣ чандон муфид набуд ва аз ин лиҳоз мутахассисони соҳаи кишоварзиро ба саросари кишвар сафарбар кард, то таҷриба кунанд, ки ин навъ пахтаро дар кадом минтақа метавон кишт кард. Хушбахтона мутахассисон ба натиҷа расиданд, ки беҳтарин навъи пахтаи маҳинахро дар водии Вахш - ҷануби Тоҷикистон метавон парвариш кард. Ҳукумати Шӯравӣ солҳои 30-юми асри гузашта беҳтарин мутахассисон, техника ва пули зиёди он вақтро барои ободӣ, обёрӣ ва роҳсозии водии Вахш ихтисос дод. Барои кишти пахтаи маҳи нах дар водии Вахш роҳҳо, каналҳо ва шаҳру деҳоти зиёд сохта шуду заминҳои фаровонеро обёрӣ намуданд. Ободии ҷамоати Бандар (Қизилқалъа) низ дар он солҳо оғоз шуда буд, ки имрӯз дар ҳудуди худ деҳоти зиёде дорад. Яке аз онҳо деҳаи Сарбанд мебошад, ки дар бахши шимолии ҷамоъат ҷойгир аст.
Ин деҳа солҳои 60-70-уми қарни сипаришуда бо роҳбарии Сафоев Амирқул обод шудааст. Деҳа дар баландии тақрибан 40 м аз сати ҷараёни рӯди Вахш ҷойгир шудааст, ки имрӯз дар он зиёда аз 500 оила зиндагӣ мекунанд. Обёрии он тавассути ду насос ба роҳ монда шудааст, ки яке дар зери деҳа ва дигари дар дохили деҳа сохта шудаанд. Дар назди насоси аввалӣ се ҳавзи калони захираи об канда шудааст, ки шохобе аз рӯди Вахш омада онҳоро сероб мекунад. Пас аз пур шудани ҳавзҳо насоси аввалӣ обро ба як бахши деҳа ва ба насоси дувуми мерасонад, ки насоси дувуми онро ба тамоми деҳа паҳн мекунад.
Солҳое, ки ман бача будам дар ҳамаи кӯчаҳои деҳаи мо ҷӯйи об равон буду дар лаби ҷӯй дарахтони зиёде вуҷуд дошт, ки кӯчаҳоро соябонӣ мекарданд. Парандаҳои зиёде дар дарахтони деҳа лона гузоштаву бо садоҳои дилнишинашон нағмасарои мекарданд, ки бошандагони деҳа аз садоҳои гуногуни онҳо лаззат мебурданд. Сокинони деҳа дар ҳавлиҳои хеш сабзиҷот, пиёзу картишка, мошу лубиё, ҷаврию гандум мекоштанду соҳиби дарахтони мевадиҳандаи фаровоне буданд. Мардум зиндагии орому осудае доштанд ва ҳар зироъате, ки мехостанд, мекоштанд. Аммо ин зиндагии орому фаровонӣ дер давом накард, Шуравӣ пош хурд, ҷанги шаҳрвандӣ шурӯъ шуду мардум парешону саргардон шуданд. Пас аз анҷоми ҷанги дохилӣ, насосҳои деҳа обод мондаву фаъолият мекарданд, вале хеле куҳнаву фарсуда буданд. Баъди гузашти чанде насосҳо аз кор монданду солҳо фаъолияташон қатъ гардид. Аҳволи беобии мардуму заминҳо ва дарахтон то соли 2010 идома пайдо кард, ки бо ташаббуси Одинаев Холмурод ва сармоягузории кадом кишвари хориҷӣ, насосҳо таъмир шудаву ба кори дубора оғоз намуданд. Аммо фаъолияти насосҳо тақрибан моҳе идома ёфту дубора хароб шуданд, чун онҳо хеле куҳнаву фарсуда буданд. Аз солҳои пеш ва баъди соли 2010 инҷониб аҳолии деҳа оби ошомиданӣ ва мавриди ниёзе хешро мехаранд.
Қобили ёдоварист, ки деҳаи Сарбанд дар фосилаи тахминан 2 км-рии соҳили рости рӯди Вахш қарор дошта, аҳолии он зиёда аз 500 хоҷагӣ мебошад, ки обро барои ошомидан, сохтмон, чорво ва дарахтон харидорӣ мекунанд. Агарчи аҳолии деҳоти ҳамсоя равған, орд, либос ва дигар лавозимоти рузгорро харидорӣ кунанд, аҳолии деҳаи мо бар иловаи онҳо сабзиҷот, меваҷот ва ҳатто обро харидорӣ мекунанд. Як мошин об, ки тақрибан чор тоннаро дар бар мегирад аз 40 то 50 сомонӣ мебошад. Фарз кунем, ки як оила сари моҳе як мошин об бихарад, пас 500-ро бо 50 зарб кунем ҳосилаш 25000 ҳазор сомонӣ мешавад. Бо ҳисоби миёна ҳар моҳ аҳолии деҳа дар ҳудуди 25000 сомонӣ фақат об мехаранд, ҳол он ки хоҷагиҳои чорводор ҳадди ақал сари моҳе ду се мошин об мехаранд. Бояд зикр кард, ки шахсе агар мехоҳад хона бисозад бар иловаи тамоми масолеҳи сохтмонӣ, бояд 10-15 мошин об бихарад, ки аз 500 то 750 сомонияш барои хариди об масраф мешавад. Солҳост, мардум обро мехаранд, оби харидаро худ бинушанд, либос бишӯянд, ба чорво ё ба дарахт бидиҳанд? Чунончи гуфтем аксари дарахтони деҳа хушк, парандаҳо дур шудаанду замбуракҳо ва шоҳпаракҳо низ ташнаи обанд. Як нуктаро бояд ишора кунам, ки аҳолии деҳа чандин сол аст ин ҳоли сахту сангинро таҳаммул мекунанд, аммо дилам ба кӯдакони ин диёр месӯзад. Чун онҳо даврони тилоии зиндагияшонро на бо оббозӣ, балки бо обкашонию хокбозӣ мегузаронанд ва аз оддитарин сабзиҷот ба мисли гашничу пиёз, редискаву турб, караму бодрангу помидору ғайра маҳруманд.
Тоҷикистон аз ҳисоби захираҳои обӣ, бойтарин кишвар дар минтақа маҳсуб мешавад, руди Вахш бошад ба таги биниямон ҷорист, пас мо ва заминҳову дарахтони мо бояд то кай ташна биншинем? Оё давлати мо имруз иқтидори ду насосро таъмир ва дубора чархондан надорад ё аслан ба ҳукуматдорон фарқ намекунад, ки мардум бо чи ранҷу заҳмате зиндагияшонро пеш мебаранд?
Ба унвони як шаҳрванди Тоҷикистон аз ҳукуматдорони феълӣ ва афроду ашхоси марбутаи мамлакат хоҳиш мекунам, ки ин масъалаи муҳиму ҳаётиро пайгири намуда чораи он бечорагон бошанд".