Менеҷери “Фуҷифилм” дар куштори тоҷики 51-сола айбдор мешавад
Сарменеҷери ширкати “Фуҷифилм”-и Маскав дар куштори шаҳрванди 51-солаи Тоҷикистон муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои мақомоти пулиси Русия дар яке бустонсароҳои минтақаи Пушкини назди Маскав ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон дарёфт шудааст, ки дар қафаси синааш осори захми корд доштааст: “Дар пайи тафтишоти пешакӣ зани 51-сола, сарменеҷери “Фуҷифилм” ва соҳиби бӯстонсаро ба иттиҳоми куштор боздошт шудааст”.
Мақомоти пулис мегӯянд, ин куштор зимни нӯшидани маҳсулоти спиртӣ содир гардидааст: “Феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида тафтишот идома дорад”.