АКС: Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо панҷ сафири тозатаъйин дар Душанбе
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо сафирони тозатаъйини 5 кишвари хориҷӣ дар шаҳри Душанбе мулоқот кардааст. Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳур, ин вохӯрӣ субҳи 10 март баргузор шудааст.
Дар ин мулоқот Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаҳои сафири нави Шоҳигарии Британияи Кабир - Ҳю Стэнли Филпотт, сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон - Тариқ Иқбол Сумро, сафири Салтанати Умон - Саид ибн Аҳмад ибн Холид Ал-Барованӣ, сафири Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам - Фан Ван Фао ва сафири Эфиопия - Айалев Гобезие Воркенеҳро қабул кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон зимни вохурӣ дар суханронии худ таъкид кардааст, “дар чаҳорчӯбаи сиёсати "дарҳои боз" Тоҷикистон имкон дорад ва омода аст, ки бо тамоми кишварҳои дунё – бидуни истисно - муносибатҳои дӯстиву ҳамкории мутақобилан судманд дошта бошад”.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, президенти кишвар изҳори умед кардаааст, ки сафирони нав барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибот ва ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои худ бо Тоҷикистон ҷаҳду талош хоҳанд кард.