"Одамкушӣ" иттиҳоми нав алайҳи раҳбари бозори "Назари нек" (ВИДЕО)
Дар парвандаи ҷиноии раҳбар ва муҳофизони бозори “Назари нек”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду моддаи дигар зам шудааст. Рустамҷон Ҷӯраев, Бобурҷон Юсуфов ва Аҳлиддин Файзиев дар латту кӯби ду ноболиғ, ки сабаби марги яке аз онҳо шуд, муттаҳам мешаванд.
Акбар Шарифов, масъули дафтари матбуотии Раёсати умури дохилии вилояти Суғд 10 март ба “Озодагон” гуфт, қаблан нисбат ба ин афрод бо моддаи 110-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – “Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки бо марг анҷомид”, павранда боз гардида буд: “Дар рафти тафтишот дар робита ба ин қазия боз ду моддаи дигар 104, қ. 2 – “Одамкушӣ” ва 112, қ. 2 – “Қасдан расонидани зарари сабук ба саломатӣ”, зам гардидааст”.
Мақомоти пулиси вилояти Суғд моҳи январ аз ҳалокати як ноболиғ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар дода гуфтанд, ӯ дар пайи латту кӯби директор ва муҳофизони бозори “Назари нек” ҷон додааст. Манбаъ гуфт, тахминан соатҳои 01:30-и 15 январи соли ҷорӣ ноболиғон Эраҷ Исоеви 16-сола ва Зиёдбек Ҷӯраеви 17-сола, хонандаҳои мактаб-интернати бачагонаи шаҳри Чкалов ба маркази савдои “Сабрина”, воқеъ дар бозори “Назари Нек”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров омада, бо роҳи шикастани дари мағозаи хӯрокворӣ, аз хазинаи он 386 сомонӣ маблағи пулиро гирифтаанд: “Ноболиғон аз ҷамъшавии кормандони бозор огаҳ шуда, барои ба дасти онҳо наафтодан, ба дохили анбори мағоза даромада, дари онро аз дохил маҳкам мекунанд ва пинҳон мешаванд".
Ба гуфтаи пулис, директори бозори “Назари Нек” Рустамҷон Ҷӯраеви 39-сола бо ду корманди дигари ин бозор Бобурҷон Юсуфови 29-сола ва Аҳлиддин Файзиеви 37-сола, ноболиғонро аз дохили анбор бароварда, бо истифода аз мушту лагад ва пояи мизи пластмассӣ онҳоро зери латту кӯб қарор додаанд: “Дар натиҷа, ноболиғ Зиёдбек Ҷӯраев, ки ятим будааст, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Ноболиғи дигар Исоев дар беморхона бистарӣ гардидааст”.
Рустам Ҷӯраев, директори бозори “Назари Нек” дар барномае тавассути телевизиони "Симои мустақили якуми Хуҷанд" ба гуноҳи худ иқрор намуда, изҳор дошт, ин амал барқасдона не, балки тасодуфӣ анҷом шудааст ва фикр мекарданд, ин ду ноболиғ дузди ҳирфаӣ мебошанд: “Худамонро идора карда натавонистем ва ҳама каса онҳоро латту кӯб кардем. Аз ин кори кардаи худ сахт пушаймон ҳастем.”