Ишораҳо ба мақомоти Тоҷикистон ва боздошти се гумонбар дар куштори Қувватов
Расонаҳои туркӣ аз боздошти се нафар гумонбар дар қатли Умаралӣ Қувватов, роҳбари “Гуруҳи 24” хабар додаанд ва ба мақомоти Тоҷикистон ҳам ишораҳое кардаанд, ҳарчанд пулис ва дигар мақомоти Туркия ин хабарҳҳоро ба таври расмӣ тавзеҳ надодаанд.
Аз ҷумла сомонаи Haber7.com аз боздошти ин се нафар хабар дода, дар як матлаб (https://www.haber7.com/guncel/haber/1315570-kuvatov-cinayetinde-gizli-servis-parmagi) ишораҳое ба баъзе мақомоти Тоҷикистон ва шахсиятҳои мушаххасе низ менамояд.
Дар ин навишта гап сари он меравад, ки се нафар дар якҷоягӣ тарҳи қатли Умаровро кашидаанд ва ҳар кадоме вазифаи алоҳидаеро ба ҷо овардаанд. Аз ин се нафар, ки шаҳрвандони Тоҷикистон гуфта мешаванд, яке ҳамон Сулаймон Қаюмов аст, ки пештар дар тамоми расонаҳо дар ин маврид иттилоъ пахш гардида буд. Ному насаби дуюмӣ дар ин навишта ифшо нашудааст, вале гуфта мешавад, ҳувияташон шиносоӣ ва барои мақомоти тафтишотӣ ошкор гардидааст. Яке аз ин се нафар нозири раванди ҳодиса ва якейи дигар ҳамон қотиле будааст, ки ба суйи Қувватов шиллик намудааст. Ҳамзамон гуфта мешавад, ки писари 11-соли Қувватов чеҳраи касеро, ки ба сӯйи падараш шиллик кардааст дида буда ва мақомоти туркӣ бар асоси нишондоди вай фотороботи қотилро низ сохтаанд.
Дар ин хабарҳои расонаҳои туркӣ гуфта мешавад, ки онҳо бар ивази пул ин куштторо анҷом додаанд ва ҳанӯз се моҳ қабл тарҳи онро рехтаанд ва бо нафаре аз Тоҷикистон ҳамеша дар тамос қарор дошта будаанд.
Умаралӣ Қувватов, раҳбари гуруҳи фаъолияташмамнуъ дар Тоҷикистон - “Гуруҳи 24” шоми 5 ба 6 март дар яке аз тангкӯчаҳои Истанбул бо зарби тир кушта шуд. Ӯ дар ҳоле кушта шуд, ки баъди заҳролуд шудани худ ва ҳамсару фарзандонаш дар меҳмонии нафаре бо номи Сулаймон Қаюмов ба кӯча баромаданд. Ба иттилои расонаҳои туркӣ, дар кӯча нафаре аз пушт ба сари Қувватов тир холӣ карда, маҳалли ҳодисаро тарк мекунад.