Барканории Шагулиев аз сафирӣ дар Умон ва Кувайту Саудӣ
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон бо судури як фармон Назаргулӣ Шагулиев, сафири Ашқобод дар Арабистони Саудӣ ва ҳамзамон намояндаи расмии ин кишвар дар давлатҳои дигари арабиро барканор кардааст.
Дафтари матбуоти раёсатҷумҳури Туркманистон мегӯяд, Шагулиев ба хотири ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи сафирии ин кишвар дар Арабистони Саудӣ, Кувайт, Баҳрайн, Умон ва намояндаи расмии Ашқобод дар Созмони ҳамкориҳои исломӣ озод шудааст.
Ба иттилои манбаъ, сафири пешини Туркманистон дар Арабистони Саудӣ бо фармони дигари Бердимуҳаммадов ба курсии сафирии ин кишвар дар Беларусия нишаста, ҳамзамон намояндаи расмии кишвараш дар назди Иттиҳоди давлатҳои Мустақилу ниҳодҳои дигари марбут ба он таъйин шудааст.
Назаргулӣ Шагулиев дар гузашта ба ҳайси муовини нахуствазир кор карда, фаъолияти дипломатии худро баъд аз интихоботи президентии Туркманистон дар соли 2012 оғоз кардааст.