Байъати ду Абубакр: Дар хатару муваффақиятҳо шарикем!
Гуруҳи ифротгарои "Боку Ҳаром" дар Нигерия аз байъати худ бо созмони террористии “Давлати исломӣ” ва маъруф ба ДИИШ хабар додааст.
Абубакр Шикау, раҳбари “Боку Ҳаром” тавассути як навор, ки ба интернет роҳ ёфтааст, байъати худ бо ДИИШ-ро эълон карда, мегӯяд, “дар замони хатару муваффақият” пайрави Абубакр Бағдодӣ, халифаи худхондаи “Давлати исломӣ” хоҳанд буд.
Ин раҳбари гуруҳи террористӣ дар Нигерия низ аз тамоми мусулмонони ҷаҳон даъват кардааст, бо Абубакр Бағдодӣ байъат кунанд.
Боку Ҳаром номи як гуруҳи террористӣ аст, ки аз соли 2009 ба ин сӯ дар Нигерия фаъолият дошта, бар асоси гузоришҳо гаравгонгирӣ ва суиқасдҳои хунинаш боиси ҳалокати беш аз 13 ҳазор нафар бо шумули занону кӯдакон шудааст.
Дар пайи ҳамлаи рӯзи 7 марти ин гуруҳ дар шаҳри Майдугурӣ, воқеъ дар шимолу шарқи Нигерия дасти кам 50 нафар кушта шуда, вақтҳои охир фаъолияти “Боку Ҳаром” густариш ва пурзур гардидааст, ки ҳукумати Нигерия аз ҷомеаи ҷаҳон хост, Эътилофи низомии ҷаҳонӣ зидди ин гуруҳ ташкил карда шавад./color]