АКС: Сафирони нави Покистону Ветном ва Ҳабашистон дар Душанбе
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо сафирони тозатаъйини чаҳор кишвари хориҷӣ, аз ҷумла Покистону Ҳабашистон (Эфиопия) ва Салтанати Умон дар шаҳри Душанбе мулоқот кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии ВУХ-и кишвар, дидори Аслов бо сафирони нави кишварҳои мазкур дар Тоҷикистон субҳи 9 март баргузор шуда, дар он ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон бо ин кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Манбаъ мегӯяд, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар ин маросим низ Нусхаҳои эътимодномаҳои сафирони нави Ҷумҳурии Исломии Покистон -Тариқ Иқбол Сум, Салтанати Умон - Саид ибин Аҳмад ибни Халид ал-Барванӣ, Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветном - Фан Ван Фао ва Ҷумҳурии Федеративии Демократии Ҳабашистон (Эфиопия) - Айалаев Гобезие Воркенеҳро қабул кардааст.