Бордюжа бо сафари кории чаҳоррӯза ба Душанбе меояд
Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) дар доираи як сафари чаҳоррӯза ба шаҳри Душанбе меояд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии кишвар, сафари кории Николай Бордюжа ба Душанбе рӯзи 11 март оғоз шуда, то 14 моҳи ҷорӣ идома хоҳад ёфт.
Боздиди оқои Бордюжа аз Душанбе дар ҳолест, ки ӯ ҳанӯз нимаи моҳи декабри соли гузашта ба Тоҷикистон омада буд ва бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон масоили амнияти минтақавӣ, аз ҷумла амнияти иттилоотиро баррасӣ намуд.
Дафтари матбуотии ВУХ афзудааст, инчунин рӯзи 10 марти соли равон ҳайатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Хадамоти амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо барои иштирок дар Муколамаи сатҳи баланд оид ба амният байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ вориди шаҳри Душанбе хоҳанд шуд.