“Рекорд”-и нави доллар ва боло рафтани рубли русӣ дар Душанбе
Қурби доллари амрикоӣ дар Тоҷикистон боз болотар рафтааст. Имрӯз, 9 март дар лавҳаи нуқтаҳои мубодилаи асъори маркази шаҳри Душанбе арзиши як доллар 6,20 сомонӣ нишон дода шудааст.
Қурби рубли русӣ низ дар пайи болоравии бесобиқаи доллари амрикоӣ каме афзоиш ёфта, ҳоло 1000 рубли русӣ бар ивази 101 сомонӣ харидорӣ ва то 103 сомонӣ фурӯхта мешавад.
То 6,20 сомонӣ расидани арзиши як доллар дар ҳолест, ки ҳанӯз чаҳор рӯзи қабл - 5 март, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе 1$ ба 6,08 сомонӣ баробар буд.
Бо ин ҳол, сокинони пойтахт ва харидорони доллар мегӯянд, аксари саррофон дар пойтахт аз фурӯши асъори хориҷӣ бо нархе, ки дар лавҳаҳояшон нишон дода шудааст, худдорӣ намуда, мегӯянд, “доллар надорем” ё онро бо нархи қиматтар мефурӯшанд.