Боздошти духтари 20-солаи тоҷик бо 6 кило ҳероини “сиёҳ”
Хадамоти федеролии назорати маводи нашъадори Русия аз боздошти се шаҳрванди Тоҷикистон, бо шумули як духтари 20-сола хабар додааст.
Дафтари матбуоти ин ниҳод мегӯяд, кормандони хадамот ҳангоми бозҷӯӣ аз ин шаҳрвандони Тоҷикистон 6 кило ҳероини “сиёҳ” дарёфт кардаанд, ки маблағи он дар бозори сиёҳ 6 миллион рубли русиро ташкил медиҳад.
Хадамоти федеролии назорати маводи нашъаовари Русия мегӯяд, барои бори аввал аст, ки дар шаҳри Маскав ин навъи ҳероин дарёфт ва мусодира мешавад: “Қочоқбарон - як духтари 20-сола ва ду мард, ки яке 21 ва дигарӣ 28 сол дорад, дар қаламрави Русия бидуни қайд иқомат доштаанд”.