Хитой интихоботи парлумонии Тоҷикистонро шаффофу демократӣ хонд
Чин аз натоиҷ ва раванди баргузории интихоботи парлумонии якуми марти Тоҷикистон истиқбол карда, онро шаффоф ва демократӣ хондааст.
Хуа Чунйин, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Чин дар суҳбат ба хабарнигорон гуфтааст, “дар интихоботи 1 марти Тоҷикистон ҳайати чинӣ ба ҳайси нозир иштирок доштанд ва онро шаффофу озод ва дар фазои бозу демократӣ бо шумули тамоми ҳаракатҳои сиёсии ин кишвар баргузоршуда медонанд”.
Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Чин афзуда, кишвараш ҳамчун шарики стратегӣ ба мардум ва давлатмардони Тоҷикистон комёбиҳои назаррас дар роҳи рушду пешрафти ватанашон орзуманд аст.
Аз ин пеш Ҳайати нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ дар нишасти хабарие интихоботи парлумонии Тоҷикистонро мутобиқи арзишҳои демократӣ хонда буданд. Вале нозирони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо гуфтанд, онҳо наметавонанд, бигӯянд, ки интихоботи парлумонии рӯзи якуми марти Тоҷикистон шаффоф ва озод буд. Миклош Ҳарасти, раиси Миссияи нозирони интихоботи Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар як нишасти хабарӣ муҳимтарин нуктаи интихоботро дар фазои амну субот баргузор шудани он қаламдод кард, аммо гуфт, наметавонанд, онро шаффоф бигӯянд. Ӯ аз чанд ҳолати қонуншиканӣ, назири ба ҷои чанд нафар овоз додани як тан ва такроран, то даҳ маротиба раъй додани як нафар ишора кард ва гуфт, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ натавониста, барои аъзои комисия дастур бидиҳад, то ҳувияти интихобкунандаҳо мушаххас гардад. Ба қавли ҷаноби Ҳарастӣ, онҳо наметавонанд бигӯянд, ки интихоботи гузашта аз ҳукумат вобаста набуд, “зеро дар ҳайати комиссия кормандони ҳукуматӣ ворид шуда буданд, хусусан дар шумориши оро”.
Ба назари нозирони САҲА аз 50 то 70 дарсади оро дар шароити бисёр бад ҳисоб шудааст, ки нишондиҳанда бисёр нигаронкунанда мебошад.
Интихоботи парлумонии Тоҷикистон рӯзи якуми марти соли равон баргузор шуда, барои 63 курсии Маҷлиси намояндагон 288 номзад, ки аксари онҳо намояндаи яке аз 8 ҳизби сиёсӣ буданд, вориди рақобат шуданд.
Бар асоси натоиҷи муқаддамотии интихобот, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон эълон кард, ҲХДТ, ки раҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар бар уҳда дорад, бештари курсиҳоро соҳиб гардидааст. Ин ташкилоти сиёсӣ бо дарёфти аксари оро танҳо аз рӯйхати ҳизбӣ соҳиби 51 курсӣ дар парлумон шуд. Ҳизбҳои наҳзати исломӣ ва коммунистии Тоҷикистон, ки дар парлумони гузашта ҳар кадом соҳиби 2 курсӣ буданд, аз рӯйхати ҳизбӣ ба парлумон роҳ наёфтанд.
Бо ин ҳол, дар парлумони нав ба ҷуз ҲХДТ, Ҳизби аграрии Тоҷикистон низ, ки дар парлумони нав панҷ курсиро соҳиб шуд, фраксия хоҳад дошт.