Умаралӣ Қувватовро дар Туркия ба хок месупоранд
Ҷасади Умаралӣ Қувватов, раҳбари “Гуруҳи 24”, ки шоми 5 ба 6 март дар яке аз тангкӯчаҳои Истанбул бо зарби тир кушта шуд, дар Туркия ба хок супорида мешавад. Дар ин бора наздикони Қувватов хабар додаанд.
Ба иттилои онҳо, ҷанозаи ӯ, имрӯз, 9 март дар масҷиди Муҳаммад Фотеҳ баргузор мешавад. Ин дар ҳолест, ки қаблан аз эҳтимоли дар Ватан дафн шудани раҳбари “Гуруҳи 24” гуфта мешуд.
Қумринисо Ҳафизова, ҳамсари Қувватов ба “Озодӣ” гуфтааст, ҳукумати Туркия ба онҳо иҷоза додааст, то шавҳарашро дар ин кишвар гӯр кунанд ва қитъаи замине ҳам барои дафн дар яке аз гӯристонҳо ҷудо кардаанд.
Умаралӣ Қувватов дар ҳоле кушта шуд, ки баъди заҳролуд шудани худ ва ҳамсару фарзандонаш дар меҳмонии нафаре бо номи Сулаймон Қаюмов ба кӯча баромаданд. Ба иттилои расонаҳои туркӣ, дар кӯча нафаре аз пушт ба сари Қувватов тир холӣ карда, маҳалли ҳодисаро тарк мекунад. Мақомоти Туркия ба таҳқиқи ин ҳодиса машғуланд ва гуфта мешавад, Сулаймон Қаюмовро, ки ҳамчунин баъди кушта шудани Қувватов фирор кардааст, боздошт кардаанд. Ба иттилои расида, Қаюмов се моҳ пеш ба Туркия муҳоҷир шуда ва ба “Гуруҳи 24” пайвастааст. Наздикони Қувватов дар заҳролудшавии раҳбари "Гуруҳи 24" ва фарзандонаш ӯро муттаҳам мекунанд.