АКС: Пирӯзии “Ласточка” дар мусобиқаи футбол миёни бонувон
Мусобиқаи футбол миёни бонувон дар шаҳри Душанбе бо ғолибияти дастаи “Ласточка”-и пойтахт ба анҷом расид.
Тавре Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад дар ин сабқат, ки ба муносибати Рӯзи модарон баргузор шуд, панҷ даста – “Ласточка”-и Душанбе, “Зебо”-и Ҷиликул, “Вахш”-и Кӯрғонтеппа, “Барқ”-и Норак ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода иштирок карданд.
Дастаи “Ласточка” дар чор сабқати ин мусобиқот пирӯз шуда, соҳиби ҷойи аввал гардидааст. Дар ҷойи дуввум дастаи “Барқ”-и Норак ва дар зинаи сеюм “Зебо”-и Ҷиликул қарор гирифтааст.
Манбаъ мегӯяд ҳамчунин беҳтарин дарвозабон дар ин мусобиқот Нигора Ҳайдаралиева аз “Ласточка”, беҳтарин ҳимоятгар Сахина Саидова (“Зебо”), беҳтарин нимҳимоятгар Насиба Олимова (“Барқ”) ва беҳтарин ҳамлагар Гулсунбӣ Шарипова аз (“Ласточка”) интихоб шуданд.