Рашки ошиқи ҷавон ва марги маъшуқаи солхӯрда дар Душанбе
Мақомоти пулиси шаҳри Душанбе аз куштори Маҳина Амоншоева, сокини шаҳри Душанбе хабар доданд, ки ба иттилои тафтишот дар заминаи рашк аз ҷониби ҳамзисти ҷавонаш содир шудааст.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон шоми 6-уми март шаҳрвандон аз дарёфти ҷасади Маҳина Амоншоеваи 52-сола бо гардани бурида дар кӯчаи Маяковскийи пойтахт хабар доданд: “Зимни чорабиниҳои оперативӣ аз ҷониби мақомот муттаҳам дар ин ҷиноят Эргашов Убайди 31-сола дастгир шудааст, ки бо марҳум ҳамзистӣ доштааст”.
Мақомот мегӯянд, аз боздоштшуда далели шайъӣ - кордро мусодира намудаанд ва муайян шудааст, ки ӯ Маҳинаро дар заминаи рашк куштааст. Ба иттилои Вазорати умури дохилӣ феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.