Сардаргумии муҳоҷирон: Ту маъқулӣ-гузар, ту не-мамнуъулвурудӣ!
Муҳоҷирони тоҷик дар ин авохир аз он шикоят доранд, ки наметавонанд маълумоти дақиқ дар бораи ҳаққи сафар ба Русияро пайдо кунанд. Муҳоҷирин мегӯянд, бо вуҷуди ин ки аз ниҳодҳои масъули Тоҷикистон маълумот мегиранд, ки онҳо барои ворид шудан ба қаламрави Русия монеае надоранд, вале боз дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон ё дар фурудгоҳҳои Русия маълумот пайдо мекунанд, ки онҳо ҳаққи сафар ба Русия надоштаанд. Ин сардаргумӣ мушкилоти зиёдеро барои муҳоҷирин ба бор овардааст.
Ин муҳоҷирин мегӯянд, ки ҳоло ҳеч ниҳоде кафолати сад дар садӣ дода наметавонад, ки онҳо ҳаққи иҷозаи вуруд ба Русия доранд ё не. На Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва на ниҳодҳои Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия.
Онҳо чипта мехаранд, пул масраф мекунад ва ба Русия мераванд, вале аз фурудгоҳҳои Русия ба кишвар бозпас гардонда мешаванд, ки барояшон хароҷоти зиёд ва сарфи беҳудаи вақтро ба бор меорад.
Хабарнигори “Озодагон” 4-уми март дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб шоҳиди чунин мавридҳои саргардонии муҳоҷирини тоҷик шуд. Ҳудуди 5 нафар муҳоҷир бо вуҷуди ин ки пешакӣ ан санҷиш гузашта буданд ва маълумот гирифта буданд, ки ҳаққи сафар ба Русияро доранд, вале дар ин фурудгоҳ боз ба онҳо гуфтанд, ки шумо барои ворид шудан ба Русия мамнуъулвуруд ҳастед.
Яке аз муҳоҷирин Ҳикматёр Сулаймонов, ки аз Кӯлоб ба Русия сафар намуд, имрӯз аз Маскав ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ дод, ки дар фурудгоҳи Домодедовои Маскав наздики 10 шаҳврванди Тоҷикистонро барои ворид шудан ба қаламрави Русия иҷоза надоданд. “Онҳоро гуфтанд, ки Шуморо иҷборан ба Тоҷикистон бозпас мегардонем”.
Як масъули Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба хабарнигори мо гуфт, ки ҳоло ҳеч ниҳоде наметавонад, дар ин бора кафолати комил бидиҳад. Зеро ҳолатҳое шудааст, ки шаҳрвандони мо умуман ба Русия сафар накардаанд, вале дар фурудгоҳҳои Русия ба онҳо мегӯянд, ки шумо мамнуъулвуруд ҳастед.
Моёншо Маҳмадбеков, сардори Раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, ки агар шаҳрвандони кишвар пеш аз сафар ба мо муроҷиат кунад, чунин сардаргумӣ ба вуҷуд намеояд. “Албатта, кафолати сад дар садӣ вуҷуд дошта наметавонад. На танҳо дар ин масъала, балки дар масъалаҳои дигари ҷомеа низ. Аммо мо рӯйхати шаҳрвандонеро, ки бар асоси тасмимҳои Хадамоти федеролии муҳоҷират ё Хадамоти амнияти федеролӣ аз Русия ихроҷ ё мамнуъулвуруд шудаанд дар даст дорем ва ба онҳо дақиқ гуфта метавонем, ки ҳаққи сафар доранд ё не. Вале мушкилот дар ин аст шаҳрвандони моро барои қарзи симкортҳои телефон ё барои дертар супоридани ҳаққи патент ва ин гуна масъалаҳо ҳам аз Русия бозпас мегардонанд”,-мегӯяд Маҳмадбеков.
Ба назари Маҳмадбеков бадии кор дар он аст, ки шаҳрвандони мо ба мақомоти масъули расмӣ нею, ба баъзе ниҳодҳои дигар муроҷиат мекунанд ва дар натиҷа дучори фиреб мешаванд .
Ин масъули Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, ки мо аз тамоми шаҳрвандони кишвар хоҳиш дорем, пеш аз сафар ба ниҳоди мо ва дигар мақомоти зертобеи мо дар шаҳру навоҳӣ муроҷиат кунанд ва иттилоъ бигиранд, то дучори мушкил ва сардаргумӣ нашаванд.
Аммо Иззат Амон, раиси Итиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия ҳам мегӯяд дар ҳақиқат ин мушкил вуҷуд дорад ва ин мушкил бештар сунъӣ аст: “Ин сардаргумиро Русия эҷод кардааст. Бубинед, ин як системае ҳаст, ки танҳо барои саргардон кардани мардум сохта шудааст. Дар ҳама кишварҳои пасошӯравӣ аҳвол ҳамин аст. Танҳо барои пулрӯёнӣ ва саргардон кардани мардум. Сардаргумӣ ва хараҷу мараҷе, ки ҳоло дар ин кишвар нисбати муҳоҷирон сурат гирифта истодааст, собиқа надорад”.
Моёншо Маҳмадбеков мегӯяд, ки ҳоло онҳо барои аз байн бурдани ин сардаргумӣ ва дигар мушкилоти муҳоҷират Комиссияи вижаи байнидавлатиеро таъсис додаанд, ки бо ҷониби Русия дар ин заминаҳо кор мекунанд.
Дар Русия наздик ба 10 мақомоти давлатӣ ҳаққи боздошту ҷаримаи муҳоҷирини кориро доранд ва яке аз сабабҳои ин сардаргумиҳо дар зиёд будани ин мақомот арзёбӣ мешавад.
Муҳоҷирини тоҷик мегӯянд, ки дар ин роҳ сарнавишти онҳо ба табъу эҳсоси кормандони фурудгоҳии ниҳодҳои масъули муҳоҷират ва сарҳадоти Русия бастагӣ дорад: “Онҳо то ҳатто баъзан вақт берун аз қонуну қоидаҳои мавҷуд, бар асоси муносиботи шахсӣ ҳам ҳаққи вуруд ба моро намедиҳанд. Яъне агар маъқул шавад, иҷоза медиҳанд, агар не, не”.