1,7 миллиони Убайдуллоев ба занони фаъолу роҳрӯби пойтахт
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи модарон - 8 март ва омадани ҷашни Наврӯз занон- кормандони Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои навоҳӣ ва фаъолзанони пойтахти Тоҷикистонро бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонидааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, барои қадрдонии 2 ҳазору 586 нафар занони роҳрӯб ва фаъолони пойтахт, бо қарори Маҳмадсаид Убайдуллоев наздики 1,7 млн сомонӣ аз ҳисоби буҷети шаҳр ҷудо карда шудаст.
Ин ниҳод мегӯяд, кӯмаки молиявии Убайдуллоевро масъулини шаҳрдорӣ 5 марти соли равон дар расми тантанавӣ ба роҳрӯбони Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои навоҳии шаҳр расонидаанд.
Дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе мегӯяд, инчунин раҳбари ин ниҳод нимаи дуюми 6 март дар толори маҷлисгоҳи шаҳрдорӣ дар доираи таҷлили Рӯзи модарон ва истиқбол аз омадани фасли баҳор бо фаъолзанони пойтахт мулоқот карда, саҳми онҳоро дар рушду нумӯи пойтахт арзанда хондааст.