Генерали тоҷик: Куштори Қувватов ба тиҷорат рабт дорад
Мақомоти Тоҷикистон куштори Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони мухолифи “Гуруҳи 24”-ро дар Туркия ба тиҷорат рабт медиҳанд.
Генерали милитсияи тоҷик Ҷурахон Маҷидзода, дар робита ба куштори Қувватов ба хабарнигорон гуфтааст, “тибқи иттилое, ки ман дорам Қувватов дар гузашта бисёриҳоро “кидат” карда, тиҷоратҳои манфиатоварашонро кашида гирифтааст. Бинобар ин бадхоҳони ӯ низ кам нестанд”.
Маҷидзода дар суҳбат бо “Интерфакс” таъкид намудааст, ки “дар ҷаҳони муосир хеле каманд, мақомоти махсус, ки тавонанд қотилро бо силоҳ аз сарҳад гузаронанду баъди анҷоми куштор ӯро аз байн бардоранд. Тоҷикистон дақиқан аз ҷумлаи чунин кишварҳо нест”.
Ин дар ҳолест, ки ҳаммаслакони Умаралӣ Қувватов мегӯянд, ба хулосае омадаанд, ки ҷасади ӯро ба Ватан интиқол диҳанд. Маросими бахоксупории Қувватов аввали ҳафтаи оянда дар назар аст.
Ин дар ҳолест, ки Умаралӣ Қувватов, раҳбари кушташудаи “Гуруҳи 24” пеш аз қатлаш зимни меҳмонӣ дар хонаи як шарики худ, Сулаймон Қаюмов бо ҳамсар ва ду фарзанди ноболиғаш заҳролуд шудааст.
Дар ин бора расонаҳои туркӣ хабар дода, меафзоянд, ки феълан Қумриниссо Ҷабборова, ҳамсари Қувватов бо ду фарзандаш дар бахши эҳёгарии яке аз бемористонҳои Истанбул бистарӣ мебошанд.
Ба иттилои манбаъ Қувватов шоми 5-уми март ба хонаи Сулаймон Қаюмов, ки се моҳ пеш ба Туркия муҳоҷир шуда, ба “Гуруҳи 24” пайвастааст, ба меҳмонӣ даъват гардидааст: “Баъди истеъмоли ғизо Қувватов бо наздикон худро нороҳат эҳсос мекунад ба хиёбон мебарояд то ба беморхона раванд, вале ҳангоми ба берун баромадан ба сараш шиллик мекунанд. Ҳамсар ва фарзандонаш фурсат пайдо мекунанд, ки дар ин бора пайвандонашонро огоҳ намоянд ва баъдтар аз ҳуш рафтаанд. Дар беморхона ба мо гуфтанд, ки онҳо бо шумули Қувватов ҳам пеш аз кушта шуданаш, заҳролуд шудаанд”.
Расонаҳои туркӣ иттилоъ медиҳанд, нафаре, ки ба сари Қувватов тир холӣ кардааст, тоҷик будааст, чун пеш аз паррондан чанд калима бо забони тоҷикӣ гуфтааст. Аммо дар мавриди он, ки қотил чӣ гуфтааст, маълум нест.
Ҳоло бар асоси иттилои расонаҳои Туркия, Сулаймон Қаюмов ба гумони қасди заҳролуд кардан айбдор дониста мешавад ва боздошт шудааст. Наздикони Умаралӣ Қувватов гуфтаанд, ки Қаюмов ҳангоми хӯроки шом бисёр шубҳаовар рафтор мекардааст ва бо тахмини зиёд заҳрро ба хӯрок ӯ ворид кардааст.
Қаблан расонаҳои Туркия иттилоъ доданд, ки раҳбари “Гуруҳи 24” соати 22:30 ба вақти Туркия дар кӯчаи Фотеҳии Истанбул аз пушти сараш тир хӯрда, то расидани ёрии тиббӣ ҷон додааст.
Ин расонаҳо навореро ҳам нашр кардаанд, ки дар он ҳамсари Умаралӣ Қувватов дида мешавад. Ӯро ҳамроҳ бо як писари хурдсол вориди як мошини ёрии таъҷилӣ мекунанд.