ВИДЕО: Медали тилои ВУД-и Русия ба Расул Боқиев
Расул Боқиев, гуштигири маъруфи тоҷик барандаи мусобиқаи дзюдои Вазорати умури дохилии Русия эълон шудааст.
Ин мусобиқа, ки миёни сохторҳои Вазорати умури дохилии Русия дар шаҳри Маскав баргузор шуд, Боқиев дар вазни 90 кило баромад карда, ба рақибони худ ғолиб ва соҳиби медали тило гардидааст.
Расул Боқиев дорандаи нишони биринҷии Бозиҳои олимпии тобистона дар Пекин (2008), дорандаи медали биринҷии чемпионати ҷаҳон дар Рио де Женейро (2007), қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон (2007, 2010, 2011, 2012) ва қаҳрамони Русия (2009) мебошад. Ӯ 29 сентябри соли 1982 дар ноҳияи Рӯдакӣ, дар хонаводаи варзишгари саршинос Худойназар Боқиев ба дунё омадааст.
Расул Боқиев феълан муқими шаҳри Маскав буда, бо кори мураббигӣ машғул аст ва дар маркази полйтахти Русия клуби худро дорад. Ӯ моҳи июни соли гузашта ба Душанбе омада, дар доираи як мастер-класс ба варзишгарони шаҳри Душанбе, Ҳисор ва Рӯдакӣ ҳунару таҷрибаи худро омӯхт.