20 довталаби ҷоизаи Лоҳутӣ ва таҷлил аз 103-солагии матбуоти тоҷик
Чорабиниҳои давлатӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик, 11-уми март дар Театри давлатии ба номи Лоҳутӣ баргузор мешаванд.
Акбаралӣ Сатторов, раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ дод, ки ин чорабиниро Вазорати фарҳанг доир менамояд, ки Иттифоқи рӯзноманигорон низ дар ин ҳамоиш ҷоизаҳои ҳамасолаи худро ба довталабон эъто мекунад.
Ба иттилои Сатторов имсол ба Ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ бештар аз 20 довталаб ҳуҷҷат пешниҳод кардаанд, ки барандагони ин ҷоиза дар рӯзи 11-уми март маълум хоҳанд шуд. Ҳамчунин ҷоизаи Иттифоқи рӯзноманигорон барои донишҷӯёни риштаҳои рӯзноманигории макотиби олии кишвар ба номи профессор Воҳид Асрорӣ низ дар ин рӯз эъто мешавад.
“Мо ифтихорномаҳои Иттифоқи рӯзноманигорон ва баъзе ниҳоду мақомоти давлатӣ ҷоиза ва мукофоти худро барои рӯзноманигорон дар ин рӯз тақдим хоҳем кард.”,- иброз дошт Акбаралӣ Сатторов.
Гуфта мешавад, ки бо ташаббуси Вазорати фарҳанг баргузории консерт бо ҳузури ҳунармандони варзидаи кишвар ва тақдими дигар ҷоиза ва унвонҳои давлатӣ низ дар назар аст.