Ифшои фасодкории директор ва муҳосиби муассисаи маъюбони “Тангаӣ”
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз ифшои баъзе аз амалҳои тақаллубкорию азхудкунии маблағи буҷа дар Маркази ҷумҳуриявии барқароркунии тибию иҷтимоии “Тангаӣ”-и шаҳри Ваҳдат хабар додааст.
Ин ниҳод мегӯяд, Бахтиёр Аминов, директори Маркази ҷумҳуриявии барқароркунии тиббию иҷтимоии “Тангаӣ” бо роҳи ғайриқонунӣ номи Давлатов А.С-ро, ки дар Русия будааст, ҳамчун мудири яке аз шуъбаҳои ин марказ қайд карда, 11 ҳазору 501 сомониро аз хазина ҳамчун музди меҳнати ӯ азхуд кардааст.
Инчунин Тавакал Боев, ки дар маркази мазкур ба ҳайси муҳосиб-хазиначӣ фаъолият доштааст, дар вазифаҳои холии ошпаз ва посбони Маркази ҷумҳуриявии барқароркунии тибию ичтимоии “Тангаӣ” номи келинҳо худ - Марвориди И., Ширинмоҳи Ф. ва бародараш - Боев Н.С.-ро, ки дар асл кор намекардаанд, қайд карда, аз моҳи январи соли 2014 то моҳи октябри ин сол дар умум 7 ҳазору 846,45 сомониро ҳамчун музди меҳнати эшон азони худ намудааст.
Оҷонсии зидди фасоди молии кишвар афзудааст, ки дар рафти санҷиш Аминов ва Боев ба гуноҳи худ иқрор карда, маблағи аз роҳи сохтакорӣ азхуднамудаи хешро, ки дар маҷмуъ 19347 сомониро ташкил медиҳад, пурра ба буҷаи давлат барқарор кардаанд ва бо татбиқи қонуни нави афви Тоҷикистон аз кушодани парвандаи ҷиноӣ нисбати онҳо худдорӣ шудааст.