Вохурии сафири Тоҷикистон бо Абдулатиф ибни Рошид
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз Абдуллатиф ибни Рошид, дабири кулли Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷ даъват кардааст, дар Конфронси байналмилалии “Об барои ҳаёт”, ки моҳи июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, иштирок кунад.
Ба навиштаи Оҷонси иттилоотии “Баҳрайн”, даъватномаи Эмомалӣ Раҳмонро Шарифӣ Азамшо Латифзод, сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ҳангоми мулоқот бо Абдуллатиф ибни Рошид тақдим кардааст.
Тибқи иттилои манбаъ, вохурии сафири Тоҷикистон дар Риёз бо дабири кулли Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷ рӯзи 5 март дар шаҳри Риёз - пойтахти Арабистони Саудӣ баргузор шуда, дар он низ ҳамкориҳои Тоҷикистону ин созмон ва масоили мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб баррасӣ шудааст.
Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015 аз 9 то 11 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.