Суғд: Ду куштор дар ду рӯз
Мақомоти умури дохилии вилояти Суғд аз ду ҳолати куштор дар ҳудуди вилоят хабар дода ва мегӯянд, гумонбарон дастгир шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, куштори аввал дар ноҳияи Ашт ба вуқӯъ пайвастааст: “5 марти соли 2015, соати 15:30 Қодиралӣ Ҷӯраев соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Ашт бинобар сабаби хусумати шахсӣ ва рашки оилавӣ доштанаш, ба назди ҳавлии истиқоматии шаҳрванд Илҳомҷон Юсуфов соли таваллудаш 1996 омада, бо корди хоҷагии дар дасташ буда, як маротиба ба шикамаш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст”.Манбаъ мегӯяд, аз ҷароҳати бардошта Юсуфов дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Дар куштори дувум, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров содир шудааст, як сокини ноҳияи Зафаробод муттаҳам мешавад: “5 март дар назди фермаи мурғпарварии ҶДММ “Байзо” ҷасади шаҳрванд Наталя Гурина соли таваллудаш 1965, сокини шаҳри Хуҷанд, ки пеш бо моддаи 244 КҶ ҶТ суд шудааст, бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт гардид”.
Ба иттилои мақомот, муайян шуда, ки як рӯз қабл, (4 март) Ойбек Ҳамзаев соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Зафаробод, пеш бо моддаи 244 КҶ ҶТ суд шудааст, дар ҳолати мастӣ ба назди ферма омада, кӯшиши бо Гурина алоқаи ҷинсӣ намуданро кардааст, аммо Гурина Н. муқобилият нишон додааст. “Шаҳрванд Ҳамзаев О. ба ғазаб омада, дар ҳолати оҷизӣ қарор доштани охиронро дида, бо мақсади куштор, бо санг якчанд маротиба ба сару рӯи ҷабрдида зада ба ҳалокат расонидааст”.
Ба иттилои манбаъ, нисбат ба ҳарду гумонбар парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.