Дар Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Тоҷикистон курси “Сиёсати давлатии иттилоотӣ ва амнияти Тоҷикистон», ки барои хадамоти матбуотии мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ташкил шуда буд, ба поён расид.
Тавре ба «Озодагон» аз АНМН хабар доданд, тӯли як ҳафта намояндагони марказҳои матбуотӣ дар мавзӯъҳои консепсияи сиёсати давлатии кадрҳои Тоҷикистон, “Ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон”, «Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Тоҷикистон”, “Идоракунии ҳайат дар хизмати давлатӣ”, “Идоракунии давлатӣ ҳамчун падидаи иҷтимоӣ”, «Амнияти иттилоотии Тоҷикистон”, “Технологияҳои муосири таъмини амнияти иттилоотии Тоҷикистон”, “Ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ”, “Зарурати баррасии муроҷиати шаҳрвандон”, “Ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатӣ бо ВАО”, “Манбаъҳои таҳдид ба амнияти иттилоотии Тоҷикистон” лексия ва сӯҳбатҳои ҷолиб шуниданд.
Ба гуфтаи манбаъ, шунавандагони курс олимони шинохтае аз қабили доктори илми таърих Қосимшо Искандаров, номзади илмҳои филологӣ, ректори донишикада Гавҳар Шарофзода, номзади илм, дотсент Ансор Ниёзов, номзади илми ҳуқуқ Дилшод Муллоев, номзади илмҳои филологӣ Баҳриддини Ализода, сармутахассиси маркази таҳқиқоти идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ Дӯстмуҳаммад Дӯстов дарс гуфтанд. Машғулиятҳо бо аёният ва истифода аз воситаҳои муосири коммуникатсионӣ гузаштанд, ки барои шунавандагон муфид буд. Дар хотимаи курси мазкур барои ширкаткунандагон гувоҳномаи хатми курс супурда шуд,-афзуд манбаъ.{jathumbnail off}