Ғолибони сабқати футбол миёни бонувони тоҷик фардо муайян мешаванд
Дар шаҳри Душанбе мусобиқа футбол миёни бонувон ҷараён дорад.
Дар ин сабқат, ки ба муносибати Рззи модарон бахшида шудааст, панҷ даста – “Ласточка”-и Душанбе, “Зебо”-и Ҷиликул, “Вахш”-и Кӯрғонтеппа, “Барқ”-и Норак ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода иштирок доранд. Дилором Нусратуллоева, роҳбари бахши футболи занонаи Федератсияи футболи кишвар мегӯяд, баъди се даври рақобатҳо дастаи “Ласточка” пешсаф аст.
Даври чоруми мусобиқа, имрӯз, 6 март баргузор шуда, ғолибон фардо муайян мегарданд.
Тақвими бозиҳои даври чорум ва панҷум:
6 март (ҷумъа)
“Зебо” – “Вахш”, “Регар-ТадАЗ” – “Барқ”
Даври панҷум. 7 март (шанбе)
“Зебо” – “Барқ”, “Ласточка” – “Регар-ТадАЗ”
Бозии финалӣ: Соати 10:30.