Тағйироти кадрӣ: Имомова раиси Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе таъин шуд
Сафармоҳ Имомова, додраси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз вазифааш бозхонд ва раиси Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе таъин шудааст. Дар ин бора Ҷамшед Файзуллоев, раиси дастгоҳи Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон рӯзи 5 март дар суҳбат бо “Озодагон” хабар дод.
Имомова дар ин вазифа Шарифзода Раҳим Зарифро иваз намуд, ки қаблан аз сӯи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо иттиҳоми гирифтани пора дастгир шуда буд.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии агентӣ, Раҳим Шарифзода моҳи августи соли гузашта барои ба манфиати Соҳибназаров Ф. ҳал кардани аризаи даъвогӣ аз ӯ ҳафт ҳазор доллар талаб кард. Оҷонси гуфт, раиси пешини Суди иқтисодии Душанбе 4 ҳазор долларро шахсан ва 3 ҳазор доллари дигарро тавассути котибони маҷлиси судӣ - Ҳабибов Ҳ.Ҷ. ва Нусратуллозода А.Н. гирифтааст.
Нисбат ба Раҳим Шарифзода дар асоси моддаи 319, қисми 3, ва нисбат ба котибони маҷлиси судӣ дар асоси моддаи 36 қисми 5 - 319 қисми 3-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда буд.
Сафармоҳ Имомова соли 1959 таваллуд шудааст. Соли 1983 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм намуда, аз соли 1979 то соли 1980 ба ҳайси нозири шӯъбаи кадрҳои ИИ заводҳои хишти шаҳри Душанбе кор кардааст.
Солҳои 1980—1984 ба сифати мушовири ҳуқуқӣ дар ИИ "Дружба" ва Раёсати "Тоҷикметаллоснабсбит" фаъолият намудааст.
Солҳои 1984—1985 котиби масъули комиссия оид ба корҳои ноболиғон ва мудири бюрои қайди ҳолатҳои граждании Комиҷроияи ноҳияи Совет, солҳои 1985—1987 мушовири калони ҳуқуқии Раёсати хоҷагии қишлоқи Комиҷроияи ин ноҳия ва солҳои 1987—1995 мушовири калони ҳуқуқӣ ва мудири шӯъбаи кадрҳои ИИҶ "Тоҷикфарматсия"-и Душанбе кор кардааст.
Солҳои 1995—1996 сармутахассиси шӯъбаи назоратии Суди олии иқтисодӣ ва солҳои 1996—2005 ҳамчун судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе фаъолият намудааст. Аз соли 2005 дар ҳайси судяи Суди олии иқтисодии Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.
Судяи дараҷаи якуми тахассусӣ.