Тошканд 10 маҳбуси тоҷикро афв кард
Ҷумҳурии Узбакистон 42 маҳбуси хориҷиро афв карда аз зиндонҳояш раҳо намудааст, ки дар миёнашон 10 нафарро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд.
Дар доираи ин афв, ки охири соли гузашта ба муносибати 22-юмин солгарди қабули Сарқонуни Узбакистон эълон шуда буд, аз ҷумла 11 шаҳрванди Қазоқистон ва 9 шаҳрванди Русия низ аз зиндонҳо озод шудаанд.
Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии ВКД-и Узбакистон мегӯяд, афви эълонкардаи мақомоти Узбакистон дар маҷмуъ 52 ҳазору 498 нафарро фаро гирифтааст. Бояд гуфт, ки дар Узбакистон соли 2005 ҳуқуқи эълони афв аз салоҳияти раисиҷумҳур лағв гардида, ба Маҷлиси ин кишвар вогузор шудааст.