Задухӯрд зимни боздошти тоҷикон аз ҷониби ҷангиёни “Булат”
Вазорати умури дохилии Русия, имрӯз, 5-уми март бо нашри як иттилоия аз боздошти як гуруҳ хабар дод, ки қасди дуздии 9,5 миллион рублро аз як бӯстонсаро кардаанд.
Тибқи иттилоияи нашркардаи ин ниҳод мақомоти пулиси вилояти Маскав дар бораи як ҳамлаи тарҳрезишуда ба яке аз бӯстонсароҳо дар маҳаллаи Мешерски назди Маскав иттилоъ дарёфт кардаанд: “Шабона вақте афроди муттаҳам бо ниқобҳои тиббӣ вориди хона шуданд, гирди хонаро аз чор тараф ҷанговарони ниҳоди махсуси оперативӣ “Булат” иҳота карданд. Зимни боздошт, сарфи назар аз муқобилияти мусаллаҳона ҳамаи афроди муттаҳам дастгир шуданд”.
Вазорати умури дохилии Русия мегӯяд, миёни боздоштшудагон чор шаҳрванди аз 21 то 28-солаи Тоҷикиситон, шаҳрванди 36-солаи Қирғизистон ва як сокини 55-солаи Ставропол мебошад: “Муайян шудааст, ки ҳадафи боздоштшудагон дуздидани 9,5 миллион рубл будааст”.
Ин ниҳод мегӯяд, дар пайи амалиёт аз ҷои ҳодиса таппончаи травматикӣ, ки барои тирпаронии ҷангӣ мувофиқ шудааст, тиру василаҳои ҷангӣ, ниқоб ва корду дастгоҳҳои газӣ дарёфт шудааст.