Азми Русия барои бештар кардани мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон
Русия ҷудо намудани бурсияҳои махсусро барои бештар кардани мактабҳои русӣ ва густариши омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон баррасӣ мекунад.
Игор Шувалов, муовини нахсутвазири Русия дар нишасти Кумиссиюни байниҳукуматии Тоҷикистону Русия, ки 4-уми март дар Маскав баргузор гардид, изҳор доштааст, ки ихтисоси бурсияҳои махсус барои ташкили марказҳои омӯзиши забони русӣ ва мактабҳои русӣ дар марказҳои навоҳии Тоҷикистон дар назар аст.
“Русия барои амалӣ кардани лоиҳаҳои махсус дар муносибои байнидавлатӣ, аз ҷумла барои ворид кардани маҳсулоти меваюу сабзавот манфиатдор аст. Русия имконоти таъсис додани лоиҳаҳои бурсиявӣ барои эҷоди марказҳои омӯзиши забони русӣ ва мактабҳои русӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ мекунад”, - изҳор доштааст Шувалов.
Ин иқдом дар ҳолест, ки ахиран мақомдорони Русия аз танг шудани ҷойи забони русӣ ва афзоиши таваҷҷуҳ ба забони англисӣ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карданд. Аз ҷумла Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон зимни як мусоҳиба бо хабаргузории русии “РИА Новости” дар робита ба мақоми забони русӣ гуфт, ҳарчанд талабот ҳанӯз ба забони русӣ зиёд аст, вақтҳои охир ҷойи он танг шуда истодааст: “Мутаассифона бояд қайд кунам, ки муҳити истифодаи забони русӣ рӯз аз рӯз тангтар шуда истодааст. Теъдоди тоҷикистониёне, ки забони русиро медонанд, майли камшавӣ дорад. Аз бисёр ҷиҳат ин ба он вобастагӣ дорад, ки Тоҷикистонро даҳҳо ҳазор сокини русзабон тарк карданд ва нафаре нест, ки мактаббачаҳо бо ӯ бо забони русӣ гап зананд. Имрӯз суҳбатҳо бо забони русӣ дар кӯчаю ҷойҳои ҷамъиятӣ камтар ба гӯш мерасанд. Аҳамият додам, ки дар Душанбе низ шиору овезаҳо бо забони русӣ кам шудаанд. Ниҳодҳои давлатӣ дар бисёри ҳолатҳо бо овезаҳо бо забони тоҷикӣ иктифо мекунанд”.
Сафири Русия дар Тоҷикистон бо зикри ин раванд аз он изҳори таассуф кардааст, ки дар Тоҷикистон овезаю шиорҳо бо забони англисӣ майли афзоиш доранд: “Дар ҳоле ки тибқи Сарқонун ва дигар анъанаҳое, ки дорем овезаю шиорҳо бояд бо забони тоҷикию русӣ бошанд. Зарур аст, ки дар барномаҳои мактабӣ низ таваҷҷуҳ ба забони русӣ бештар шаваду соатҳои таълими забони русӣ зиёд карда шаванд”.