Дархости Ашраф Гулов аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Ашраф Гулов, консули Тоҷикистон дар Маскав аз шаҳрвандони кишвари муқими Русия хостааст, аз сафар ба Абхазистон худдорӣ кунанд.
Ба иттилои масъулини дафтари матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Маскав, ин даъвати Гулов дар пайи бозпас фиристодани 14 муҳоҷири тоҷик аз Абхозистон ба Ватан сурат гирифтааст. Ин 14 шаҳрванди Тоҷикистон барои қонунӣ кардани будубоши худ дар Русия марзи ин кишварро ба қасди Абхазистон тарк карданд, вале ҳангоми бозгашти дубора натавонистанд, вориди хоки Русия шаванд. Масъулини Хадамоти марзбонии Русия далели банд мондани ин муҳоҷирони тоҷик дар марзи Русия бо Абхозистонро аз ҳаққи вуруд маҳрум будани онҳо арзёбӣ карданд.
Дар ҳамин ҳол, сафорати Тоҷикистон рӯзи 4 марти соли равон бо пахши иттилоияе аз ҳалли мушкили ин 14 муҳоҷири бандмонда хабар дода, гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон дар пайи дархост ба Вазорати умури хориҷии Русия ва кушодани коридоре ба Ватан фиристода шуданд. Дар пайи эълони истиқлолияти Абхазистон роҳҳои мустақими рафтуо миёни Тоҷикистону ин кишвар вуҷуд надорад ва шаҳрвандони кишвар ҳангоми ворид шудан ба хоки он бо мушкил рӯбарӯ мешаванд.