Қурби доллар дар Тоҷикистон боз боло рафт
Қурби доллар дар Тоҷикистон боло рафта, имрӯз 5-ум март дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе 1$ ба 6,08 сомонӣ баробар шудааст. Дар ҳоле, ки рӯзи гузашта, 4-уми март ин нишондод ба 600-602 сомонӣ баробар буд.
Қурби рубли русӣ низ дар пайи коҳиш давоми ду рӯзи охир боз майли гаронӣ карда, имрӯз 1000 рубли русӣ бар ивази 99 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Ин дар ҳолест, ки харидорони доллар мегӯянд, аксаран саррофон дар пойтахт аз фурӯши асъори хориҷӣ бо нархе, ки дар лавҳаҳояшон нишон дода шудааст, худдорӣ намуда, мегӯянд, ки доллар надорем, ё онро бо нархи қиматтар мефурӯшанд.