Ноиби Медведев: Тоҷикон бидуни тарки Русия патент мегиранд...
Игор Шувалов, ноиби аввали Дмитрий Медеведев, сарвазири Русия гуфтааст, ки муҳоҷирини тоҷик метавонанд патентҳои дар соли 2014 гирифтаашонро бидуни тарки қаламрави Русия аз нав ба қайд гиранд.
Ин тавофуқ дар пайи иштироки сарвазири Тоҷикистон, Қоҳир Расулзода дар нишасти Кумиссиюни байниҳукуматии Тоҷикистону Русия дар умури ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ба даст омадааст.
Шувалов гуфтааст, ки муҳоҷирини меҳнатиии Тоҷикистон, ки дар соли 2014 патент барои корро соҳиб шудаанд акнун, метавонанд бо муроҷиат ба ниҳодҳои Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар ҳмуддати як моҳ патенти навро бигиранд. То ин замон муҳоҷирини тоҷик барои соҳиби патенти нав шудан маҷбур буданд, ки қаламрави Русияро тарк кунанд ва бо дубора ворид шудан ба Русия соҳиби патент гарданд.
Хадамоти матбуотии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав дар ин робита инчунин хабар додааст, дар ин нишаст дар баробари баррасии масоили ҳамкорӣ дар умури иқтисод, тиҷорат, молия, иртиботот, энержӣ ва масоили ҳамкорӣ ва танзими муҳоҷирати корӣ низ дар меҳвари суҳбатҳо қарор доштанд.
Тоҷикистон, ки ба иттилои ғайрирасмӣ бештар аз 1 миллиюн муҳоҷири корӣ дар Русия дорад, ин кишварро шарикӣ стратегӣ дар муносиботи хориҷии худ медонад ва баиттилои сарвазири Тоҷикистон танҳо дар соли 2014 ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар 1,2 миллиард долларро ташкил додааст.