Дар Қазоқистон як зан курсии Нурсултон Назарбоевро гирифтанист
Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон исми аввалин номзадҳо ба мақоми президентиро эълон кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод, то ҳол 5 нафар, аз ҷумла як зан номзадии худро ба мақоми раёсатҷумҳурии Қазоқистон аз тариқи худпешбарӣ пешниҳод кардаанд: “Ин афрод Аскар Сиргабоев Сафиолла Алдаҷонов, Лимина Койшиева, Бахит Абдукаримов ва Суҳроб Мирзошов мебошанд”.
Интихоботи президентии Қазоқистон мебоист дар соли 2016 баргузор мешуд, вале бо пешниҳоди Маҷмааи халқии Қазоқистон ва қабули ҳукумату парлумони ин кишвар интихоботи президентии қабл аз муҳлат эълон гардид. Ин раъйдиҳӣ 26 апрели соли равон баргузор хоҳад шуд. Гуфта мешавад, номзади аслӣ ҳамоно Нурсултон Назарбоев хоҳад буд, ки баъд аз суқути Шӯравӣ зимоми кишварро дар даст дорад.