Сипоси Э.Раҳмон барои пуштибонии БОР аз лоиҳаи роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон–Туркманистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ноиби президенти Бонки осиёии рушд дидору мулоқот кардааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии президент, мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Венкай Жанг рӯзи чоршанбеи чоруми март сурат пазируфта, ҷонибҳо масоили вобаста ба дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, ба вижа коҳиши таъсири манфии омилҳои буҳрони хориҷиро ба баррасӣ гирифтаанд.
Манбаъ мегӯяд, зикр шуда, ки афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар моҳи аввали соли равон 5,1 фоизро ташкил намуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 2 банди фоизӣ кам аст: “Венкай Жанг изҳор дошт, ки Бонки осиёии рушд ҳамоно дастгирии худро аз рушди босуботи иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла барои татбиқи босамари чораҳои Ҳукумати кишвар барои пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ, идома медиҳад”.
Дафтари матбуотии раисиҷумҳур мегӯяд, бо қаноатмандӣ тазаккур дода шуд, ки тайи солҳои ҳамкорӣ аз ҷониби Бонки осиёии рушд ба Тоҷикистон тақрибан 1,3 миллиард доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кумаки техникӣ пешниҳод шудааст: “Ҳоло ба маблағи зиёда аз 600 миллион доллари амрикоӣ лоиҳаҳои гуногун дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, молияи давлатӣ ва ғайра мавриди татбиқ қарор доранд”.
Дар ин дидор атрофи лоиҳаи Стратегияи панҷсолаи ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки осиёии рушд барои солҳои 2016-2020, ки асосан масъалаҳои беҳтар намудани шабакаҳои роҳу нақлиёт, амнияти энергетикию озуқаворӣ, дастрасӣ ба оби тоза ва хизматрасонии иҷтимоӣ, рушди бахши хусусӣ ва ҳамкории минтақавиро бояд дар бар бигирад, низ гуфтугӯ шудааст.
“Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Бонки осиёии рушд барои дастгирии доимӣ ва ба хусус барои пуштибонӣ аз лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон - Афғонистон – Туркманистон арзи сипос намуд. Изҳори бовар карда шуд, ки лоиҳаҳои дигари пешниҳодшуда низ мавриди дастгирӣ қарор гирифта, тадриҷан дар амал татбиқ мешаванд”,-хабар медиҳад манбаъ.
Тарҳи роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон тақрибан се соли пеш аз сӯи раисиҷумҳурони се кишвар – Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомид Карзай ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов дар маросиме дар Туркманистон оғоз бахшида шуд. Қаблан гуфта шуд, Бонки осиёии рушд барои таҳияи арзёбии фанниву иқтисодии тарҳи роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон 9 миллион доллар ихтисос додааст. Гуфта мешавад, дар сурати мавриди истифода қарор гирифтани ин роҳ Тоҷикистон дигар вобастаи роҳи оҳани Узбакистон нахоҳад шуд.