Ислом Каримов пирӯзии ҳизби Эмомалӣ Раҳмонро табрик гуфт
Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон, имрӯз, 4-уми март бо ирсоли як паём, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро бо пирӯзии Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ дар интихоботи парлумонӣ шодбошӣ намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар барқияи табрикотии Ислом Каримов аз ҷумла омадааст:«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, ба муносибати дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғалаба ба даст овардани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки роҳбариашро Шумо ба уҳда доред, табрикоти самимии маро бипазиред. Бо истифода аз ин имконият, ба Шумо, Эмомалӣ Шарифович, сиҳатмандии бардавом, дар фаъолияти Шумо комёбиҳо ва ба халқи дӯсти Тоҷикистон сулҳу осоишро таманно дорам».
Ин дар ҳолест, ки тибқи натиҷаҳои муқаддамотӣ ҲХДТ дар интихоботи парлумонӣ бо касби беш аз 65 дарсади овозҳо пирӯзиро ба даст овард.