Мавқеи 214-и Душанбе дар рӯйхати беҳтарин шаҳрҳо барои зиндагӣ
Ширкати байналмилалии консалтингии Mercer гузориши ҷадидашро дар мавриди беҳтарин шаҳрҳои ҷаҳон барои кору зиндагӣ дар соли 2015 нашр намудааст.
Ин ниҳод шаҳрҳои ҷаҳонро аз рӯи сифати зиндагии сокинонаш раддабандӣ намуда, пойтахти Тоҷикистон – Душанберо дар миёни 230 шаҳри ҷаҳон дар зинаи 214-ум қарор додааст, ки бадтарин нишондод дар қораи Осиё аст. Сингапур дар ин раддабандӣ мавқеи 26-умро ишғол намуда, беҳтарин шаҳри Осиё аз нигоҳи кору зиндагӣ баҳогузорӣ шудааст.
Ба рӯйхати беҳтарин шаҳрҳои ҷаҳон барои кору зиндагӣ дар соли 2015 Вена –пойтахти Австрия ва дар пайи он Сюрих-Швейтсария, Окленд-Новая Зенландия, Мюнхен-Олмон ва Ванкувер-Канада қарор доранд. Қафомондатарин шаҳри ҷаҳон аз нигоҳи сифати кору зиндагии сокинонаш Ироқ баҳогузорӣ шудааст.
Гузоришгарон мегӯянд, зимни раддабандии шаҳрҳои ҷаҳон муҳити иҷтимоӣ-сиёсӣ, нишондодҳои иқтисодӣ, сатҳи хадамоти тандурустию маориф, дастрасӣ ба манзил, иқлим ҳаёти фарҳангӣ ва дигар омилҳоро ба назар гирифтаанд.