Ҳушдори ҲНИТ аз афзоиши тундгароӣ дар пайи интихобот
Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо пахши як изҳороти расмӣ, интихоботи баргузоршударо ношаффоф ва ғайриозод арзёбӣ карда, таъкид намудааст, натиҷаҳои эълоншудаи онро эътироф намекунад.
Шӯрои сиёсии ҲНИТ афзуда, бо вуҷуди розӣ набуданашон аз натиҷаи интихобот, дар шароити надоштани ирода ва истиқлолияти кофии касбӣ аз тарафи мақомоти судӣ ва КМИР, аз бурдани ҳамагуна шикоят ва даъво ба ин ниҳодҳо худдорӣ менамояд: “Хамзамон, аз мақомоти давлатӣ тақозо мешавад, ки дар марҳалаи пасазинтихоботӣ ҳамагуна фишор, таҳдид ва амалҳои табъизомез (дискриминатсионӣ) нисбати аъзо ва ҷонибдорони ҲНИТ-ро хотима бахшида, фазои сиёсии кишварро ба ҳолати мусолаҳатомез ва ваҳдати миллӣ баргардонад”.
ҲНИТ дар ин изҳорот инчунин ваъдаҳои Президенти Тоҷикистонро дар бораи баргузории интихоботи шаффоф зикр намудааст, ки наҳзатиҳоро умедвор карданд, аммо амалӣ нашуданд: “Гузашта аз ин, таблиғоти васеъ тариқи васоити ахбори оммаи давлатӣ алайҳи ҲНИТ ва сохтани чеҳраи манфӣ дар ҷомеъа, ҳабс ва парвандасозӣ нисбати узви КМИР ва узви Раёсати Олии ҲНИТ бо мақсади таъсир расондан дар зеҳни интихобкунандагон роҳандозӣ гашта буд. Дар баробари ин, аз имкониятҳои иттиҳодияҳои динӣ ва ходимони дин ба ҷонибдории як ҳизб ва алайҳи ҲНИТ суйистифода шуда, принципи конституционии ҷудогии иттиҳодияҳои динӣ аз сиёсат ва мақомоти давлатӣ поймол гашт”.
Шӯрои сиёсии ҲНИТ ҳушдор додааст, ки тақаллуб дар шуморидани овозҳо зарбаи бузург ба арзишҳои мардумсолорӣ, суботу оромиши ҷомеа аст ва ин ҳолат метавонад аз тарафи доираҳои ифротӣ барои ҷалби бештари ҷавонон ба сафҳои худ истифода шавад: “Масъулияти ноумедии бештари ҷавонон аз мардумсолорӣ, волоиияти қонун ва адолати сиёсиву иҷтимоӣ ва гароиши эҳтимолии онҳо ба самти тундгароӣ бар дўши доираҳое мебошад, ки интихоботро бо чунин шакл баргузор карданд”.