Ҷавони 22-сола дар “бачабозӣ” муттаҳам мешавад
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 22-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ хабар дод, ки дар дастдарозӣ ба бародарзодаи 5-солааш муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ВУД рӯзи 3-юми март соати 13:20 дақиқа айбдоршаванда дар ҳавлии истиқоматиашон аз вазъияти оҷизонаи писари 5-солаи бародараш истифода бурда, бо роҳи зӯроварӣ нисбаташ кирдорҳои бачабозиро анҷом додааст: “Дар натиҷа хурдсол маҷруҳ шуда, дар беморхона бистарӣ шудааст”.
Мақомоти умури дохилӣ мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.