Сагҳои дайду дар Хатлон ҳар рӯз 9 нафарро мегазанд
Раёсати тандурустии вилояти Хатлон мегӯяд, дар моҳи январи соли ҷорӣ 271 сокини вилоят ҳадафи ҳуҷуми сагҳои дайду қарор гирифтаанд, ки ин ба ҳисоби миёна дар як рӯз 9 нафарро ташкил медиҳад.
Тибқи иттилои ин ниҳод хатари ҳуҷуми сагҳои бесоҳиб ба одамон, махсусан дар фасли зимистон афзоиш ёфтааст. Масъулин таъкид мекунанд, ки осебдидагон бояд баъди ҳуҷуми сагҳо бояд дар зудтарин фурсат ба табибон муроҷиат намоянд.
Ин ҳушдор дар ҳолест, ки тибқи иттилои Раёсати тандурустии вилоят соли гузашта наздики 4 ҳазор нафар дар Хатлон аз ҳамлаи сагони дайду зарар дидаанд.