Ташхиси дақиқ асоси дармони беморист!
Ташхиси дастгоҳӣ вазъу ҳолати узвҳои дарунӣ ва рагу бофтаҳои баданро баррасӣ мекунад. Ҳамаи беморон ва ниёзмандонро сарфи назар аз синну соли онҳо метавон бо чунин ташхисҳо, ки ба воситаи дастгоҳхои мухталиф ва бидуни дард анҷом дода мешавад, фаро гирифт.
Бахши ташхиси дастгоҳии Бемористони Ибни Сино бо таҷҳизоту дастгоҳҳи навтарин муҷаҳҳаз аст, ки ба мутахассисон имкон медиҳад, ҳолати норасоии дил ва рагҳо, роҳҳои нафаскашӣ, рӯдаву бофтаҳо, системаи марказии асаб ва кори гурдаҳо, ҷигар, талхадон, масона, роҳҳои пешоб, узвҳои занон, ҳолати кӯдак дар батни модар ва ғайраро ташхис кунанд. Мудири бахши мазкур, номзади илмҳои тиб, доктор Меҳроҷ Ҳақназаров таъкид кард, ҳамаи дастгоҳу таҷҳизоти мавҷуд дар навъи худ нодир буда, ба ташхиси дақиқи бемориҳо мусоидат мекунанд. Ў аз ҷумла, аз дастгоҳи трансэзофагалӣ ном бурд, ки тавассути он бо ворид намудани найчаи махсус аз сурхрӯда тасвири дилро ба пуррагӣ метавон дид. Чунин дастгоҳ дар бемористонҳои дигари кишварамон мавҷуд нест. «Ба наздики мо ҳамчунин аз Амрико дастгоҳи Vivid3 харидорӣ намудем, ки барои ташхиси дил беҳтарин дастгоҳ маҳсуб мешавад. Тавассути ин дастгоҳ тамоми қисматҳои дилро ба таври ҷудогона метавон дид ва аз дил тасвирҳои ранга ба даст овард»,-мегӯяд ӯ.
Ба қавли номбурда, яке аз бартариҳои муҳимми ин дастгоҳҳо дар он аст, ки маълумот дар бораи бемор дар онҳо сабт мешавад ва ин маълумотро то панҷ сол метавон нигоҳ дошт, ки барои мушоҳидаи фаъолияти узвҳои дарунӣ ва муқоисаи онҳо аҳамият дорад. Дар ин дастгоҳҳо ҳамарӯза аз 30 то 40 нафар аз ташхисоти дақиқу комил гузаронида мешаванд. Ҳамчунин барои ташхиси дил дар бемористон дастгоҳҳои дигар мавҷуд аст: «Электрокардиография (ЭКГ) сабаби пайдоиши бемориҳои ишемияи миокарди ниҳонӣ, ихтилоли заработ, ҳодисаҳои оритмикӣ, ки ба беҳушӣ оварда мерасонад,инчунин эҳсоси дард дар қафаси синаро мушаххас мекунад. Эхокардиография (ЭхоКГ) ташхиси ултрасадоӣ барои таҳлил ва таҷзияи бемороне, ки шикоят аз дилзанак ва вақфаи дил доранд истифода мешавад. Тести варзишӣ бошад, усули ташхисотиест, ки беморро дар ҳолати ҳаракати аз меъёр зиёд ташхис намуда, ноқисиҳои рагҳои хунгарди дилро муайян менамояд».
Меҳроҷ Ҳақназаров меафзояд, «дастгоҳҳои визографӣ ва антиографӣ таҷҳизоти нодири ташхисотианд, ки бемориҳоро тавассути нур муайян мекунад. Допплерография (УЗДГ) барои ташхиси бемориҳои бофтаҳо ва шоҳрагҳои бузурги сар, роҳҳои нафаскашӣ истифода бурда мешавад. Ба ҷуз ин бемористон дорои таҷҳизоти мудерни томографӣ мебошад, ки системаи косу рон, сутунмӯҳра, гурда ва ҷигар ва дигар узвҳои ҳозимаро ба таври фаврӣ ташхис ва хулосабарорӣ мекунад. Бе ташхиси дурусту аниқ табобат намудани ҳамагуна навъи бемориҳо номумкин ва қобили қабул ҳам нест. Танҳо бо ба даст овардани ташхиси дақиқ, ки он тавассути таҷҳизоти мукамали аврупоӣ ба даст меояд, шумо метавонед ба реша ва асли бемориатон зарбаи ҷонкоҳ зада, ба беморӣ ғолиб оед! Пас аз роҳандозӣ намудани барномаи иҷтимоӣ бо ташкилоти «Суғуртаи миллӣ» нархи ташхис дар ин бемористони байналмилаллӣ то ҳадде поин фаромадааст, ки тамоми мардум метавонанд аз хидматрасониҳои ин бемористон комёб гарданд! Ба таври мисол ташхиси томографӣ, ба дорандогони суғурта имтиёзе медиҳад, ки то 30% маблағашонро сарфа намоянд. Ё ташхиси ултрасадои масона бо 4 сомонӣ, ҷигар 4 сомонӣ, талхадон 4 сомонӣ, ғадуди простата низ ҳамагӣ бо 4 сомонӣ анҷом мешавад».
Маълумоти бештарро дар ин маврид аз сайти расмии Бемористони Ибни Сино ва ташкилоти «Суғуртаи миллӣ» www.ibnisino.tj ва www.sugurta.tj метавонед дастрас намоед!