Ҳушдор аз тармафароиҳо дар 3 рӯзи оянда дар Тоҷикистон
Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, се рӯзи оянда - аз 4 то 6-уми март дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ва роҳи Хоруғ-Ҷелондӣ фаромадани тармаҳо дар назар аст.
Тибқи иттилои ин ниҳод хатари бештари фаромадани тармаҳо дар роҳи Душанбе-Чаноқ, аз километри 50-ум то нақби Истиқлол ва ағбаҳои Шаҳристону Анзоб вуҷуд дорад. Мақомот бо зикри ин ҳушдор аз шаҳрвандон даъват намудаанд, ки эҳтиёткор бошанд.
Ин дар ҳолест, ки дар барфрезиҳои ахири Тоҷикистон дар роҳи Душанбе – Чаноқ 5 нафар бар асари фаромадани тарма ҷон доданд.