Бонкӣ миллӣ: Ноҳияҳои дурдасти куҳистон 88,5 миллион сомонӣ қарз гирифтаанд
Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, бақияи умумии қарзҳо дар ташкилотҳои қарзии кишвар дар моҳи январи соли ҷорӣ 9’903,8 миллион сомониро ташкил намудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 29,1 дарсад афзоиш ёфтааст.
Тибқи иттилои Бонки миллӣ, аз бақияи умумии қарзҳо 3’961,5 миллион сомонӣ қарзҳо бо пули миллӣ ва 5’942,3 миллион сомонӣ бо асъори хориҷӣ рост меоянд.
Манбаъ мегӯяд, дар моҳи январ низ раванди афзоиши қарзҳои дарозмуҳлат идома ёфта, он ба 4’766,5 миллион сомонӣ баробар шуд: “Фоизи миёнавазни қарзҳо дар низоми бонкии кишвар дар моҳи январ бо пули миллӣ 26,52 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 23,67 фоизи солонаро ташкил намуд”.
Бонки миллии Тоҷикистон таъкид мекунад, моҳи январ ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 6,7 фоиз зиёд шудааст. Бино ба иттилои манбаъ, аз ҳисоби ин маблағҳо, аз ҷумла 88,5 миллион сомонӣ ба ноҳияҳои дурдасти куҳистон қарзҳои хурд дода шудаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 0,2 фоиз зиёд мебошад.