Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми убури ғайриқонунии сарҳади Русия
Раёсати марзбонии Кумитаи федеролии амнияти Русия аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми убури ғайриқонуни марз хабар додааст.
Масъулини ин ниҳод мегӯянд, ин шаҳрванди Тоҷикистон ҳамроҳ бо ду табааи Узбакистон тахминан соатҳои яки шаби 2 март марзро пиёда убур карда, аз Украина ба Суджи Русия гузаштанӣ шудаанд. Ба иттилои манбаъ, ин афрод дар ҳоле бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз боздошт гардидаанд, ки ҳаққи вуруд ба қаламрави Русияро надоштанд: “Онҳо боре талош кардаанд, тавассути гузаргоҳи гумрукӣ убур кунанд, вале сарҳадбонон гуфтаанд, онҳо аз ҳаққи вуруд ба қаламрави Русия маҳруманд”.
Аммо манбаъ, ному насаби онҳоро ифшо накардааст.
Аз ин пеш се шаҳрванди дигари Тоҷикистон бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз боздошт шуда буд. Марзбонони Русия се шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Узбакистонро рӯзи 26 феврал дастгир карданд. Барои се тан аз ин боздоштшудаҳо то соли 2016 ва барои як нафари дигар то соли 2017 вуруд ба Русия мамнуъ будааст.