Шурӯи сабти номи довталабон ба Маркази миллии тестӣ
Маркази миллии тестӣ шурӯъ аз рӯзи 2 март бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳоноти дохилшавии соли 2015 ба донишгоҳҳои кишварро оғоз кардааст.
Аз ин марказ ба “Озодагон” гуфтанд, бақайдгирии довталабон то 15 апрел идома ёфта, дар ин давом хоҳишмандон метавонанд бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои асосӣ -- шиноснома, маълумотнома аз мактаб, аттестат ва пардохти маблағи иловагӣ, ки 170 сомониро ташкил медиҳад (ятимони кулл пурра аз пардохти ин маблағ озод буда, нафароне, ки яке аз саробонашонро аз даст додаанд, танҳо 50 дарсади ин маблағро мепардозанд) худро сабти ном кунанд.
Ин ниҳод мегӯяд, вобаста ба теъдоди умумии хатмкунандагони соли 2015 дар 24 шаҳру навоҳии интихобии ҷумҳурӣ 26 нуқтаи бақайдгирӣ ташкил шуда ва ҳамчунин дар 15 шаҳру навоҳии дигар таъсиси қуттии сайёр дар назар аст. “Соли ҷорӣ 33 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (аз ҷумла, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон, филиалҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон) ва 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ шомил гардида, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов аз низоми ИМД бароварда шудааст”,-мегӯяд манбаъ.
Ба иттилои Маркази миллии тестӣ, имсол довталабон ҳуқуқ доранд, дар доираи як гуруҳи ихтисосҳо (кластер) бо назардошти муассисаи таълимӣ, шакл ва намуди таҳсил, то 12 ихтисосро интихоб кунанд: “Соли гузашта довталаб ҳуқуқи интихоби танҳо 10 ихтисосро дошт”.