Суҳбати Раҳимзода: Аз интиқоди намозгузорӣ дар кӯчаҳо то иғво дар интернет
Полковник Қудратулло Ғуломов, мушовири калони Дастгоҳи Вазири умури дохилии Тоҷикистон бо нашри як матлаб муҳтавои мулоқотҳои вазир Рамазон Раҳимзодаро бо ҷавонон дар моҳи феврал баён доштааст.
Тибқи иттилои Ғуломов, вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар суҳбат бо ҷавонон таъкид намудаст, ки гуруҳҳои алоҳида асосан тариқи шабакаҳои интернетӣ иттилооти гуногунмазмунро нашр мекунанд, ки ҳадафи бисёри ин иттилоот ноором сохтани ҷомеа мебошад: “Ин гуруҳҳо инчунин миёни ҷавонон низ кор мекунанд ва нафаронеро, ки дониши суст ва таҷрибаи ночизи зиндагӣ доранд, ба ақидаи худ барои амалӣ намудани мақсадҳои ғаразнокашон ҷалб менамоянд. Ҷавонони ҷалбшударо маблағгузорӣ менамоянд, онҳоро барои таҳсил ба мактабҳои ғайрирасмии исломӣ ба хориҷа мефиристанд ва дигар роҳҳоро истифода мебаранд. Натиҷаи ҳамин аст, ки беш аз 200 нафар ҷавонони гумроҳ, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федаратсияи Россия қарор доштанд, барои иштирок дар ҷангҳои Сурия ҷалб гардидаанд”
Генерал Раҳимзода таҷрибаи талхи солҳои 90-умро мисол овардааст, ки баъзе гурӯҳҳо мардумро ба равияҳо ва ҷараёнҳои гуногуни динӣ ва мусулмону ғайримусулмон ҷудо намуданд, ки оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон оварда расонид.
Ба навиштаи Ғуломов ба ҷавонон шарҳ дода шуд, ки тинҷии даврони Шӯравӣ бо он асос меёфт, ки ҳама мардуми мусулмони тоҷик аз мазҳаби ҳанафия тибқи равияи Имоми Аъзам намозгузорӣ менамуданд ва ҷашну маъракаҳоро тибқи ҳамин равия иҷро мекарданд: “Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар Тоҷикистон пояҳои ҳукмронӣ суст гардид, хадамотҳои ҷосусии хориҷӣ барои амалӣ намудани нақшаҳои ғаразноки хеш фаъол шуданд. Онҳо мардуми шарифи Тоҷикистон, алалхусус ҷавононро гумроҳ намуда ба равияҳои ифротгароёнаи тундрави «Ваҳобия», «Салафия», «Ҳизб-ут-таҳрир», Ҳизби Исломии Ӯзбекистон, «Ансоруллоҳ», «Ун-насра» ва ғайра ҷалб карданд ва то ҳол ин корро давом дода истодаанд”.
Раҳимзода Афғонистони ҳамсоя, Сурияву Ироқ ва Украинаро ном бурдааст, ки гуруҳҳои тундрав тавонистанд онҳоро ба оташи ҷанг кашанд. Ӯ инчунин бо зикри ҷанги бародаркуши тоҷикон Тоҷикистонро ягона давлате арзёбӣ кардааст, ки аз муноқишаҳои дохилӣ ва буҳрони сиёсӣ тез раҳоӣ ёфтааст: “Ин ҳам бошад таҳти роҳбарии оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки инро касе инкор карда наметавонад, ҳол он, ки ҳастанд гурӯҳҳо ва шахсони алоҳидае, ки ин ҳолатро дигар хел маънидод карданӣ мешаванд”.
Вазири умури дохилӣ бесавод мондани ҷавонони тоҷикро тайи 10-солаи ҷанги дохилӣ зикр намуда, афзудааст, ки гуруҳҳои тундхоҳ аз ин хуб сӯиистифода мекунанд: “Ҷавононро ба мактабҳои ғайрирасмии динии мамлакатҳои хориҷӣ ҷалб карданд, ки онҳо аз илму дониши замонавӣ барканор монда, танҳо ба омӯхтани яроқу силоҳи ҷангӣ машғул шуда, каме аз сураю оятҳои Қуръони маҷид дарс дода мешуданду халос”.
Вазир гуфтааст, афроде, ки дар чунин мактабҳо таҳсил кардаанд, шуурашон тағйир ёфтааст ва 200 донишомӯзи тоҷикро мисол овард, ки аз Миср ба Ватан баргардонда шуданд: “Бинобар дигар шудани мафкура ва фурӯхта шудани онҳо ба хориҷиён баъзеи онҳо боз ба дигар давлатҳо баргашта дар мактабҳои ғайрирасмии диннӣ боз омӯзиши ифротгароёнаро давом доданд”.
Генерал Раҳимзода бо такя ба натиҷаҳои пурсиши сотсиологӣ изҳор доштааст, ки аксари муҳассилини таълимгоҳҳои динии кишварҳои хориҷӣ ният доранд, баъди баргаштан дар Ватан мулло шаванд: “Ҳол он, ки дар ҳаёт ҳар як шахс зиндагиашро на бо роҳи муллогӣ, балки бо роҳи касбомӯзӣ ва меҳнат кардан меёбад”.
Вазири умури дохилии Тоҷикистон инчунин аз намозгузориҳо дар кӯчаю хиёбонҳои кишвар интиқод намуда, мушоҳидааш аз бархе кишварҳои исломиро баён доштааст, ки аксари мардум намозро дар масҷид ё хонаашон мехонанд: “Ҳол он, ки дар шаҳрҳои мо баъзе нафарон дидаю дониста барои худнамоӣ берун аз масҷид, дар қади роҳи одамгузар ва мошингузар ба намозгузорӣ машғул мешаванд ё ҳатман бо автомашина ба масҷид рафта, бо ин кирдори хеш тартиботи ҷамъиятӣ ва одоби шаҳрвандиро халалдор месозанд”.