ВКД: Сокини рустабори Душанбе арӯсшавандаашро куштаст
Мақомоти пулиси Тоҷикистон як сокини рустабори Душанберо ба итиҳоми куштори арӯсшавандааш дар ҳолати мастӣ боздошт намудаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Александр Пудовкин, сокини 44-солаи Душанбе рӯзи 2-юми марти соли равон, соати 17:20-дақиқа дар хонаи модараш дар ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳолати мастӣ бо арӯсшавандааш Мусиенко Ирина, сокини 51-солаи Душанбе ҷанҷол намуда, бо корд ба қафаси синааш задааст: “Дар натиҷа Мусиенко ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.
Мақомоти пулис мегӯянд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.