Чорвои хурду калон ба ҳайси пора ба мансабдорон дар Восеъ
Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз ифшои фасодкорӣ зимни ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтани манзил ба сокинон дар ноҳияи Восеъ хабар додааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод сокини ноҳия Валиев И.К ба Шарипов Ҷалил, муҳанддис-заминсози ноҳияи Восеъ барои ҷудо намудани замин як чорвои шохдори калон, муодили 500 доллари амрикоӣ додааст: “Аммо қаллобӣ кардааст, чун ҷудо намудани замин дар салоҳияти ӯ нест”.
Инчунин Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, Шер Мирзоев, сармутахассиси Кумитаи заминсозӣ дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон низ аз Валиев барои омода кардани сертификати ҳуқуқи истифодаи замини наздиҳавлигии бобояш аввал 300 сомонӣ ва боз як чорвои дигари хурд гирифтааст.
Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, ҳар дуи ин масъул ба Валиев зарари молӣ расонда, дар рафти тафтишот гуноҳашонро пурра иқрор кардаанд ва баъди таъмини ҷуброни зарар афв шудаанд.